Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна», рӯзномаи New York Times бо нашри гузорише дар бораи он чӣ дар рафти таҷовузи Амрико ба Эрон ва даргириҳои минтақа рух дод, эътироф кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии Амрико бар зидди Эрон дасти кам боиси қурбонии 1,700 нафар осоишта гардид.
Ҳарчанд омори шуҳадои таҷовузи Амрико бар зидди Эрон аз ин рақамҳо бештар аст, ин гузориш ба унвони иқрори рӯзномаи амрикоӣ дар бораи куштори осоишта дар ҷанги мазкур маҳсуб мешавад.
New York Times гузориш дод, ки дар 28 феврал, якчанд мушаки «Томаҳавк» аз тарафи киштиҳои ҳарбии амрикоӣ ба сӯи як мактаби ибтидоӣ дар Минаб партоб шуд, ки дар натиҷа 175 нафар қурбон шуданд. Аксари қурбониёнро кӯдакон ташкил медоданд.
Ҳамчунин, навъи нави мушаки амрикоӣ ба сӯи як толори варзишӣ, як мактаб ва 2 минтақаи истиқоматӣ дар ҷануби Эрон зада расид, ки боиси қурбонии 21 нафар шуд.
Your Comment